Себзор

Барои сохтмони НБО –и  «Себзор»  маблағи иловагӣ ҷудо шуд

Барои сохтмони НБО-и «Себзор»  дар вилояти Бадахшон шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро ба имзо расид.  

Санади мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Вероника Гарсия дел Арко, Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари Ширкати «Помир Энерҷӣ» имзо карданд.

Гуфта мешавад, ки иқтидори НБО-и «Себзор» 11 МВт буда, қисмати  зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро  неруи барқ  таъмин менамояд. Инчунин, ин неругоҳ имконияти содироти барқро ба ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя дорад.

То имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО –и «Себзор» дар маҷмуъ 84 млн доллар грант ҷалб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *