Дар Душанбе бинои нави Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ шуд

Имрӯз, 13 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Санги асос барои сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.

Иншоот дар майдони 864 метри мураббаъ қомат афрохта, 40 нафар кормандони соҳибтахассусро бо кор таъмин менамояд.

Инчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонии бинои мазкур 2 феврали соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, ки он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *