Баромади Абдуқодирзода дар Истамбул

Дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид.

Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Ҷанге, ки панҷ сол давом карда, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи ҳизби наҳзат розигӣ доданд. Аммо наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ – зӯроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ҳамин имрӯз зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст.  Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Конфронс чунин гуфт: «Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».

Дар хотимаи суханронии худ раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихроҷи аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат аз ҳудуди Ҷумҳурии Туркия ба мақомоти марбутаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки хатари ҳизби наҳзат аз созмонҳои террористии «ДОИШ» ва «Ал-Қойида» кам нест.

Дар идомаи Конфронс муовини муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси анҷумани тоҷикон дар Туркия ба сухан баромада, вобаста ба хатари наҳзат дар ҷомеаи имрӯза изҳор назар намуданд.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳулоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест. Ҳамсуҳбат тазаккур дод, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои душманони наҳзат ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамояд, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монда, дар сурати пайдо шудани тарафдорони наҳзат онҳоро аз тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд.

Дар рафти Конфронс муҳокима ва саволу ҷавоб миёни донишҷӯён, рӯзноманигорон ва маърӯзачиён сурат гирифт.

Дар Конфронси байналмилалӣ дар баробари донишҷӯёни тоҷик донишҷӯёни турк, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, афғон ва намояндагони дигар миллатҳо, ки дар куҳантарин ва маъруфтарин мактаби олии Туркия – Донишгоҳи Истанбул таҳсил менамоянд, ширкат варзида, амали созмонҳои террористӣ, ба монанди наҳзатро маҳкум намуданд.

 

Акрам САНГЗОДА

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *