Рӯзи ҷаҳонии озуқа дар Маркази Исмоилия

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ чорабинӣ доир гардид, ки мавзӯи он яке аз ҳадафҳои дуюм дар самти рушди устуворро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоти намояндагии Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафи дуюм натанҳо ба аз байн бурдани гуруснагӣ, балки ба беҳбуди истеъмоли ғизо ва ноил гардидан ба устувории истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои гуногун, намояндагиҳои дипломатӣ, сохторҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд.

Барномаи чорабинӣ аз ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии кӯдакон, баргузории намоишгоҳи расмҳои кӯдакон ва тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни эълоншуда аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ, маълумот дар бораи таърихи ба комёбиҳо расидани фермерон, намоишномаи театри лӯхтак, бозиҳои интерактивӣ барои кӯдакон “Мактаби тарзи ҳаёти солим” иборат буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *