Баротзода роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин шуд
Диловар Баротзода роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа, муовини аввали раиси шаҳри Бохтар буд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки Диловар Баротзода дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки курсии роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон чанд моҳ боз холӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ