Ректори ДМТ ва Алиризо Ҳақиқиён масъалаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Имрӯз, 28 –уми март мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода доир шуд.

Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати хешро дар Душанбе ифтитоҳ намуд.

“Ба ин тариқ ҳамкориҳову равобити густурдае миёни кишварҳои мо дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз гардида, риштаҳои пайванду ҳамкориҳои муштарак миёни Донишгоҳи миллӣ ва бисёре аз муассисаҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон вусъату доманаи бештаре пайдо намуд ва имрӯз умедвори ояндаи неки онро дорем”,-иброз дошт ректор.

Гуфта шуд, ки ташрифи Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоидат намуда, дар рушду такомули ҳама самтҳо пешравиҳои тоза рӯи кор меоянд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён иброз дошт, ки “ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин саҳфаҳоти равобити Тоҷикистону Эрон аст, зеро табодули таҷриба миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ- ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.”

Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар хотимаи вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкориҳо дар самтҳои илму таълим ва фарҳангу робитаҳо минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *