11 ҷудокори тоҷик дар Antalya Grand Slam-2024 ширкат мекунанд

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиќаи навбатии сайри ҷаҳонии  ҷудо, ки дар Анталияи кишвари Туркия баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Antalya Grand Slam-2024 аз 29 то 31-уми март бо ширкати 525 ҷудокор аз 88 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиќа 11 ҷудокор намояндагӣ мекунанд, ки инҳо Аҳлия Муминова дар вазни — 52 кг, Меҳрзод Суфиев ва Ҳаќдод Гулов дар вазни — 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалии Нуралӣ дар вазни — 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни — 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни — 81 кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов дар вазни — 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни — 100 кг ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *