Баррасии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон
Дирӯз, 6-уми сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид доштааст, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин, соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шудаанд.
Роҳандозии ҳамкориҳои муассир дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории байнидавлатиро дар қолаби “Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон” мувофиқи мақсад шуморида, изҳори имтинон кардаанд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ин раванд мусоидати муассир хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ