Баррасии масъалаҳои муҳим дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Матвиенко

Шоми 24-уми феврали соли равон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар оғози суҳбат раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии кишварҳо, ки ба 4-уми апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ӯ таъкид доштааст, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд ва дар ин росто, робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳими ин муносибатҳо мебошанд.

Зикр гардидааст, ки солҳои охир бо талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти суҳбат оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша сурат гирифтааст. Зимнан, ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аснои суҳбат инчунин масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *