Назарзода ба ҷойи Мирзомуродзода. Таъиноти кадрӣ дар сохтори ВКД

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои ин ниҳод дар ВМКБ ва чанд вилояту шаҳру ноҳияи дигар хабар дод.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори нави РВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин шудааст.

То ин таъиноти кадрӣ Шариф Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буданд.

Зимнан, маркази матбуоти Президент аз барканорӣ ва таъини сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ хабар медиҳад. Аммо гуфта нашудааст, ки ба ин мақомҳо киҳо таъин шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.