Бартанг: Се тан захмӣ ва ду нафар фавтид
Бино ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаби 3 ба 4-уми август дар пайи сангрезӣ дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ду нафар ҷон дода, се нафари дигар дарзахм бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, тахминан соати 21:00 мошини “Уаз-469”, ки таҳти идораи марди 28-сола, сокини ноҳияи Рӯшон аз деҳаи Бардара ба самти маркази ноҳия ҳаракат доштааст, дар мавзеи Бадруд зери сангрезӣ мондааст: “Дар пайи зарбаи куҳпора мошин ба дарёи Бартанг чаппа шудааст. Дар натиҷа ду марди 26 ва 29-сола, сокинони ноҳияи Рӯшон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд ва се ҷавони дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ