Пирию хартозӣ

    Муйсафедоне хастанд ,ки ба солории худ нигоҳ накарда ,пирию хартози гуфта ,ҳануз ҳам ба паси чамбарак нишаста мошин меронанд. Ин худбоварӣ гоҳо онҳоро то ба вартаи марг мебарад.Аз чумла ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, марди 71-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Армуғон ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Сурхтеппаи шаҳри мазкур қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай”, таҳти идораи марди 74-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуш худи ронандаи автомашинаи “ВАЗ 2106” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ин автомашина  мардони 38 ва 64 — сола ва зани 68 — солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *