Маблағи суғуртаи ҳаёти президент Қаҳҳор Маҳкамов сирри давлатӣ аст

     Намояндагони ВАО, ки дар нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳузур доштанд, пас аз шунидани гузориши муовини аввали сардори корхонаи мазкур Абдулло Абдуллоев мавсуфро саволборон карданд. Аксари саволҳо ба паҳлӯҳои дар гузориши нимсола инъисконаёфтаи «Тоҷиксуғурта» дахл доштанд. Абдуллоев қабл аз ҷавоб додан барои ҳамкорӣ ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, чанд таклифу пешниҳоди ҷолиби онҳоро қобили қабул донист ва ваъда дод, ки онҳоро ҳатман дар нимсолаи дуюми фаъолият мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

А. Абдуллоев ба саволи «Андозаи маблағи суғуртаи ҳаёти Президент чанд сомони аст?» ҷавоб гуфт, ки ин сирри давлатӣ буда, мавриди баррасӣ қарор намегирад. Ба саволи  «пас аз фавти Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ президенти Тоҷикистони шӯравӣ  «Тоҷиксуғурта» маблағи суғуртаи ҳаёти ӯро пардохт кардааст ё не?» ҷавоб ба гӯшҳо расид, ки Суғуртаи ҳаёт дар замони фаолияти президентӣ пардохт мешавад». Вале азбаски Қаҳҳор Маҳкамов узви Маҷлиси миллӣ буд, доир ба  ин ба корхона касе муроҷиат накардааст. Агар намояндаҳои хонаводаи Қ. Маҳкамов муроҷиат намоянд, «Тоҷиксуғурта» масъаларо омӯхта, маблағи заруриро ҳатман мепардозад.

Э. НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *