Basster: Мехоҳам модарам ором бихобад
Дар ютубканали “Tojikon group” барномаи навбатии “Дар меҳмонӣ” бо иштироки рэпсарои машҳури имрӯз Basster нашр шуд.
Basster дар оғози барнома доир ба ивази шуғлаш чунин мегӯяд:
— Дар аввал ман мехостам футболбоз шавам ва хеле зиёд тамрин ҳам кардам. Вале намедонам шавқи рэп чӣ гунае пайдо шуд, ки аз синфи 7-умӣ рэпсаро шудам ва то ҳол давом дода истодаам.
Дар мавриди тахаллуси рэпериаш Basster мегӯяд, ки онро бо роҳнамоии рэпсарои шодравон Идибек интихоб кардааст.
Ба гуфти меҳмони барнома модараш охири соли 2019 дар як садамаи нақлиётӣ аз дунё гузаштааст. Ровӣ дар ин маврид аз ӯ мепурсад, ки чаро дар баробари рэпҳои ошиқӣ дар мавзӯи модар рэп намехонад. Рэпсаро чунин ҷавоб медиҳад:
— Ман дар ин мавзуъ рэп навиштаам, вале аз хондану нашр кардан худдорӣ мекунам, зеро мехоҳам модарам ором бихобад. Ҳамчунин, Basster дар мавриди нақшаҳои калонаш дар рэп гуфта, ба тамоми ҳаводоронаш рэпҳои наву навкориҳои дигарро ваъда дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ