Баста шудани намояндагиҳои сафорати Эрон дар Хуҷанд
Намояндагиҳои фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эрон дар вилояти Суғд фаъолияти расмии худро қатъ карда, дафтарҳояшонро дар маркази шаҳри Хуҷанд бастанд. Рӯзи 29-уми июн дафтари ин марказҳо баста ва навиштаи болои дарашон низ канда буд.
Як корманди намояндагии фарҳангии Эрон дар Хуҷанд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 29-уми июн гуфт, тасмими бастани ин муассиса бо дархости мақомоти Тоҷикистон гирифта шуд.
Мақомоти тоҷик бо номаи расмие нимаи моҳи июн масъулони созмонро дар Хуҷанд огоҳ кардаанд, ки Тоҷикистон ба ин гуна марказ дигар ниёз надорад ва ин муассиса бояд баста шавад. Ба дунбол, сафорати Эрон дар Душанбе ба қатъи фаъолияти дафтари иқтисодии худ дар маркази Суғд ва бастани дари қароргоҳи он низ дастур додааст.
Ин масъули намояндагии фарҳангии Эрон дар Хуҷанд нагуфт, ки оё тасмими басташавии ду дафтар муваққатӣ аст ё дарозмуддат. Дар сафорати Эрон дар Душанбе нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд ва сабаби бастани марказҳои худро дар Хуҷанд шарҳ надоданд.
Марказҳои эронӣ дар Хуҷанд дар як бинои дуошёна ҷойгир буданд. Сокинони маҳаллӣ бештар бо кори намояндагии фарҳангии Эрон ошно буданд, чун китобхонаи ғанӣ ва компютерҳои пайваст ба интернет дошт, ки умдатан донишҷӯён истифода мебурданд.
Барномаҳои аслии ин марказ марбут ба дастгирии молии адибон ва донишмандон барои нашри китоби онҳо, кумак дар муолиҷаи тиббӣ, ташкили сафарҳои бепули адибон, омӯзгорони донишгоҳҳо ва донишҷӯёну сокинон ба Эрон ба хотири ошноии беҳтар бо ин кишвари ҳамзабон гуфта мешуд.
Ёдрас мешавем, ахиран корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Эрон — “Тоҷ-Ирон” низ аз кор монд. Тоҷикистон дар гузашта Эронро яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягузорони аслияш муаррифӣ мекард. Вале тайи ду соли ахир дар равобити Душанбею Теҳрон сардӣ эҳсос мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ