Имрӯз ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

30 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво  25-30 дараҷа ва дар шарқи он  16-21 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа ва дар вилояти Суғд 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо 30- 33 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *