Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар “рӯихати сиёҳ”? 

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва раиси пешини Радиои Тоҷикистон мегӯяд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 29 июн дар сафҳаи фейсбукаш таъкид намудааст. Абдуқодир  дар посух ба суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди далоили баромад накарданаш дар телевизионҳои Тоҷикистон ва рӯй оварданаш ба интернету маҷаллаҳо гуфтааст: Вақтҳои охир баъзеҳо суол медиҳанд, ки чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо вақтҳои охир бештар менависию дар радиотелевизион намебинему намешунавем. Ҷавобашро ҳоло мегӯям. Раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар «рӯйхати сиёҳ» шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.

Иддаои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди шомили “рӯйхати сиёҳ” буданаш дар ҳолест, ки ӯро ҳамчун ровии маъруф мешиносанд ва собиқаи 15-солаи кор дар телевизионро дорад. Дар гузашта 5 сол директори Радиои Тоҷикистон ҳам буд ва 2 сол ба ҳайси раҳбари «ТВ Пойтахт» фаъолият кардааст. Барои «садоқат ба Ватан ва тарғиби арзишҳои миллӣ» аз сӯи Президент Эмомалӣ Раҳмон бо «Ордени шараф» сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *