Байдуллоева:   Феврал хам хунук меояд

 

 

Тоҷикистон бори аввал  тақрибан дар  50 соли охир  шоҳиди чунин барфбории зиёд мешаванд, ки ҳаракат дар роҳҳо ва зиндагии мардумро мушкил кардааст.

 

Дар Маркази ҳавошиносӣ гуфтаанд, ки дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳӣ бахусус дар Бадахшон баландии барф то як метр мерасад.Таҳлили кормандони марказ нишон додааст, ки чунин барфи зиёд танҳо дар солҳои солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷумла дар солҳои 1968 ва 1969 мушоҳида шудааст.“Дар он сол дар минтақаҳои Бадахшон то 1 метр ва ё аз 1 метр ҳам зиёд барф боридааст. Дар 20 ё 30 соли ахир баландии барф дар ин минтақа аз 30 то 50 сантиметр мерасид. Дар шаҳри Хоруғ баландии барф аз ҳама зиёдтар ба 25 сантиметр мерасид. Вале имсол барф дар ин минтақа то 57 сантиметр расидааст.” – мегӯяд, Ҷамила Байдуллоева.Пешбинии ҳавошиносони тоҷик нишон додааст, ки ҳарорат дар моҳи феврал ҳамчунон поин меравад ва мумкин аст, дар баъзе аз ин минтақаҳо баландии барф то як метр бирасад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ дар ағбаҳои Анзостб ва Майхура баландии барф ба 1 метр расидааст.​Ҷамила Байдуллоева гуфта, ки ҳарорат дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят дар моҳи январ то 24 дараҷа ҳам сард шудааст. “Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво то 42 дараҷа ва дар Булункӯл то 53 дараҷа ба қайд гирифта шуд.”- мегӯяд.Барфи зиёди бесобиқа дар ним асри гузашта дар Тоҷикистон агарчӣ зиндагии мардумро мушкил кард ва хисороти зиёде барои Тоҷикистон ҳам овард, аммо аз сӯи дигар беманфиат набудааст. “Боридани борону барфи зиёд гарчӣ хатари табиӣ доранд ба офатҳои табиӣ оварда мерасонанд, аз ҷиҳати дигар, боридани барфи зиёд ба зиёдтар шудани манба ва сарчашмаҳои об ва ё ғизо гирифтани пиряхҳо дар Тоҷикистон мешавад. “ –гуфтааст Ҷамила Байдуллоева. Бештар аз 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, барфи зиёд метавонад, захираҳои обро бештар кунад ва ё ҳадди аққал аз суръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистонро, ки ба далели гармоиши курраи Замин сахттар шудааст, суст кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *