Сабуки ба сохибкорони фаъол

Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷироне, ки тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, барои пешпардохти андоз тахфиф ироа кардааст. 

Тибқи тағйирот ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта тасдиқ гардиданд, минбаъд ба соҳибкороне, ки барои се моҳи оянда пули патенту шаҳодатномаро пардохт мекунанд, аз ҳаҷми умумии маблағ 10% кам карда мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон соҳибони бозор, марказҳои тиҷорӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётиро вазифадор кардааст, ки ҳар моҳ дар мавриди теъдоди нуқтаҳои савдо ва соҳибкороне, ки бо онҳо шартнома бастаанд, ба мақомоти маҳаллии андоз ҳисобот пешниҳод кунанд.

Пешниҳоди тахфиф барои пешпардохти андоз дар ҳолест, ки нозирон қаблан низ аз соҳибкорон пардохти андоз барои моҳҳои ояндаро талаб мекарданд.

Аммо ахиран Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфт, ин талаби нозирон асоси қонунӣ надорад ва соҳибкорон метавонанд ба Кумита шикоят баранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *