Хатлон

Баъзе шуъбаҳои ҷавонон дар Хатлон бо бино таъмин нестанд. Чаро? (аудио)

Бо гузашти 30 сол аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, мутаассифона, ҳанӯз шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши бисёре аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бинои иҷора менишинанд.

Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар як суҳбати бидуни сабт гуфт, ки «то имрӯз дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои маъмурии муосиру марказҳои ҷавонон дорем». Ӯ мегӯяд, ки дар се ноҳияи дигар — Панҷ, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ аллакай замин ҷудо шудааст. «Дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ оғоз карда хоҳанд шуд»,- афзуд вай.

“Дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо бинои алоҳида надорем. Вале намояндагиҳои мо бо шароити хуби корӣ таъминанд. Бо таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳукумати кишвар ба ҷавонон, дар ояндаи наздик тамоми шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш бо бинои маъмурии алоҳидаву муосир таъмин мешаванд”,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон.

Машраби АЛОВИДДИН

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *