Пирўзии «Файзканд», «Хуҷанд» ва КМВА дар даври дуюм

Бозиҳои даври дуюми Coca-Cola‑Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар чор бозӣ ҳамагӣ 8 гол зада шуд. Бозии аз ҳама натиҷаовар дар Истаравшан ба қайд гирифта шуд, ки “Файзканд” бар “Эсхата” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар бозии дигар дар маркази вилояти Суғд “Хуҷанд” ба дарвозаи дастаи нави Лигаи олӣ “Равшан”-и Зафаробод 3 голи беҷавоб зад. Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хатлон” бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Дар бозии охирини ин давр КМВА бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ рўзҳои 16 ва 17-уми апрел баргузор мешавад. Дар рўзи аввал “Файзканд” бо “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан” (Кўлоб) ва дар рўзи дуюм “Хатлон” бо “Эсхата” ва “Равшан” (Зафаробод) бо КМВА вомехўранд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *