Базми ситораҳои санъат дар Нyatt-regency
Шоми 13-уми декабр дар меҳмонхонаи “Нyatt-regency” барномаи солинавӣ бо унвони “Ситорарези дай” баргузор гашт.
Мизбонон Диловари Мизроб ва Раҷ Аҳмад ҷамъомадро кушода, меҳмонони олиқадрро ба ин базми идонаи ҷамшедӣ хайрамақдам гуфтанд. Дар маҳфил машҳуртарин продюсерон, сарояндагон, журналистон ва дигар чеҳраҳои намоёни фарҳангии кишвар иштирок доштанд. Шоҳсутуни санъат тоҷик, пири саҳна ва устоди бузурги ҳунар Ҷӯрабеки Мурод маҳфилро бо як таронаи дилнишин ҳусни оғоз бахшид, сипас ситораҳои эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева, Ҷонибек Муродов, Ситораи Кароматулло, Фаридуни Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Фарзонаи Хуршед, Суруш Холов, Мино, Нигора Холова , Зайнура Пӯлодова, Фирӯза Ҳафизова, Рӯзибеки Файзалӣ, Шаҳнозаи Рустам, Азиза Каримова ва Фарангиси Дунё бо сурудҳои шӯху марғуби ошиқонаашон маҳфилро шукуфарез намуданд. Дар ин базми пуршукуҳ ҳамчунин ҳунармандони собиқадори тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова ва Ҳаётой Муъминова ширкат варзида, хотири аҳли нишастро шод гардониданд. Аз фурсат истифода бурда, мо бо аҳли ҳунар ҳамсуҳбат гаштем, то бидонем, ки соли 2018 дар ҳаёти эшон чӣ нақше аз худ боқӣ гузоштааст.
Фирӯза Ҳафизова “Дар бари кӣ рӯз надид?”
Фирӯза Ҳафизов, аз ҷумлаи сароянда-бонуҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъоланд. Соли 2018 барои Фирӯза соли хеле вазнин омад, зеро баромадҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси вокуниш ва сару садоҳои зиёде гаштанд. Дар суҳбат ба хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” Фирӯза иқрор шуд, ки баъзеҳо ҳатто таҳдид мекунанд, вале вай аз касе чашми тарс надорад ва ҳозир аст, ки бо мардони занмиҷоз мардона гап занад. Вақте ба кӣ бахшида шудани ду таронаи охирашро пурсон шудем, Фирӯзабону бо лабханди талх гуфт:
-Сурудҳои “Дар барат рӯз надидам” ва “Точка”-ро ман ба касоне бахшидам, ки ба ман хиёнат карда, аз ҳаётам рафтанд…
Идомаи суҳбати ҷолиби моро бо Фирӯза Ҳафизова шумо метавонед дар шумораи ояндаи “Оила” мутолиа намоед.
Фарзонаи Хуршед шавҳари афғон мекунад?
Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, ки чанде пеш бо ду фарзанд аз Фаридуни Хуршед ҷудо шуда буд, тариқи телевизиони “Орзу”-и Афғонистон ваъда додааст, ки ҳатман соли 2019 ба Афғонистон сафар намуда, барои мухлисони афғонаш консерт хоҳад дод. Аз Фарзонабону пурсидем, ки мабодо ягон марди афғон ба ӯ ошиқ шуда, пешниҳоди издивоҷ намояд, ишқашро мепазирад ё не? Фарзонаи Хуршед бо табассум чунин посух дод:
-Мардҳои афғон нисбати занон, яъне ҳамсаронашон вафодоранд, вале….
Мехоҳед донед, ки Фарзонаи Хуршед шавҳари афғон мекунад ё не? Пас, ҳатман шумораи навбатии “Оила”-ро ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Мино бе домод монд?
Базми “Ситорарези дай” бисёр пурфараҳ бошад ҳам, чеҳраи Мино чандон кушода набуд. Ба хотири фаҳмидани он ки кадомин абри ғам дар дили ин бонуи ҳунар соя афкандааст, бо Мино ҳамсуҳбат гаштем.
-Дар базми солинавии гузашта ваъда дода будед, ки соли 2018 ҳатман хонадор мешавам, вале даъватномаи тӯятон ҳеҷ ба дастамон нарасид. Соли 2018 ба охир расида истодааст, оши тӯйро кай мехӯрем, Мино?
-Росташро гӯям, ман аз ҳамин метарсидам, ки ҳозир журналистон боз «Кай шавҳар мекунӣ? Наход то ҳол ягон домод наёфта бошӣ?” гӯён, ба ҷонам мерасонанд. Гумонам рост баромад, акнун то шавҳар накунам, шумо маро ба ҳолам намемонед…
-Мо хушбахтии шуморо мехоҳем, барои ҳамин, мехоҳем, ки ҳар чӣ зудтар ягон домоди арзанда пайдо шаваду…
-Ташвиш накашед, домод аллакай пайдо шудагӣ, вале…
-Вале чӣ?
-Домодшаванда ба модарам гуфтааст, ки…
Мехоҳед донед, ки тӯйи Мино кай барпо мешавад? Пас, шумораи ояндаи «Оила»-ро интизор шавед! Дар шумораи солинавии ҳафтанома мо шуморо бо навгониҳои ҳаёти ситораҳои эстрадаи тоҷик ва устодони ҳунар ошно хоҳем кард. Бо мо бимонед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ