Дастури президент ба муассисаҳои давлатӣ

Кормандони муассисаҳои давлатии Ӯзбекистон дастур гирифтанд, ки мунтазам дар маҳалли кор машқи бадан кунанд.

Дар ин бора қарори президенти Ӯзбекистон аз 18 декабри соли ҷорӣ таҳти унвони «Дар бораи чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои ғайриуфунӣ, роҳандозии тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани сатҳи фаъолиятҳои ҷисмонии аҳолӣ» содир шудааст.

Бар пояи ин ҳуҷҷат, муассисаҳои давлатӣ бояд дар ҳафтае ҳадди ақал як «Рӯзи тандурустӣ» баргузор кунанд. Дар чунин рӯз онҳо бояд чорабиниҳои варзишии дав, оббозӣ, футбол, волейбол, баскетбол, теннис ва ғайра ташкил кунанд.

Ба ҷуз ин, миёни кормандони муассисаҳои давлатӣ бояд ба таври мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ созмон ёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *