БДА ҳаракат дар хиёбони марказиро маҳдуд намуд
Мувофиқи эълони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон , аз 19 август то 8 сентябр дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад.
Далели ин тасмимро ниҳоди мазкур дар омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатӣ ва тайёрӣ ба гузашти низомӣ гуфта, таъкид мекунад, дар ин давом ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз Фурӯшгоҳи марказӣ, бо майдони Дӯстӣ, то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро маҳдуд мешавад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаааст, реҷаи зикргардидаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ