65 миллион сомонӣ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон

Багуфти сардори раёсати   Агентии захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдукарим Раҳимов  «Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба маблағи 65 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расонида шуд»- дар Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона (World Humanitarian Day), ки ҳамасола 19 август дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Абдукарим Раҳимов афзуд, ки дар ин давра асосан ба кишвари мо аз Русия ба маблағи 2 миллиону 87 ҳазор сомонӣ, Озарбойҷон наздик ба 4 миллион сомонӣ, Покистон беш аз 7 миллион сомонӣ, Фонди муассисаи хайриявии  Халифа бин Зоид  Оли Наҳён  (Имороти Муттаҳидаи Араб)  наздик ба 6 миллион доллар, Қазоқистон 800 ҳазор сомонӣ ва Туркия 400 ҳазор сомонӣ  кумакҳои башардӯстона расидаанд.
Кумакҳои башардӯстона асосан аз маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ,  техникаи сохтмонӣ,   маводи  шустушӯӣ, хайма ва кампал  иборат мебошанд. Намояндаи масъули  Агентии  захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати   ҷумҳурӣ афзуд, ки Агентии  захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    мақоми ваколатдор  оид ба қабул  ва нигоҳдории  кумакҳои башардӯстона мебошад. Тақсимоти кумакҳои башардӯстона дар асоси супориши Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мавриди зикр аст, ки  дар ин давра  аз ҳисоби сарватҳои моддии захираи  давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона  ба зарардидагони   офатҳои табиии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯдакӣ  16 миллион сомонӣ  кумакҳои  моддӣ расонида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи ҷаҳонии ёрии башардӯстона дар асоси Эъломияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ аз 11 декабри соли 2008 ҷиҳати мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷомеа бо мақсади расонидани кӯмакҳои башардӯстона  дар тамоми ҷаҳон  ва муҳимияти  ҳамкориҳои байналмилалӣ дар  ин бахш эълон гардидааст.
Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии  кумаки башардӯстона дар санаи 19 август   ба  пос доштани хотираи  қурбоншудагони амали террористӣ, ки 19 августи соли 2003 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Бағдоди Ироқ ба амал омад, рабт дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи ин амали террористӣ 22 нафар, аз ҷумла намояндаи махсуси дабири кулли СММ  Сержиу  Вейра  ди  Меллу ба ҳалокат расида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *