БДА маро пиёдагард кард…

…Бегоҳ пас аз кор сахт монда шуда, мошини солдидаамро аз истгоҳ савор шудаму  ба самти хона ҳаракат кардам. Ҳанӯз чандсад метр роҳ нагашта, “калтакчаи” инспектори БДА маро нигоҳ дошт ва ҳуҷҷатҳои ронандагиамро талаб кард.

Пас аз назар гузаронидани  онҳо коғазу  қаламашро ба болои капоти мошин монду ба навиштан сар кард.

-Магар ягон қоидавайронкунӣ кардам?

-Бале, рақаматон куҳна, шаҳодатномаи ронандагиатон ҳам. Ҳоло протокол мекунем…Магар  қарорро дар ин бора нахондед?

Лаб газида мондам. Зеро қарорро медонистам, вале  серкорӣ имкон намедод,ки ҳуҷҷатҳоро нав кунам. Инро ба лейтенанти калон фаҳмондам, вале ӯ гуфт, ки бояд вазифаашро иҷро кунад. Як афсари дигар бо унвони майор ,ки дуртар меистод,  ба мо наздик шуда, ба лейтенант гуфт:

-Ин касро ман мешиносам. Мон раванд ва пагоҳ аз паи ивази ҳуҷҷатҳо шаванд…

Рости гап, шарм кардам ва дар дил худро мазаммат мекардам, ки чаро ҳамин корро барвақттар накардам. Пас аз ду — се километр боз чанд нафар кормандони БДА маро нигоҳ доштанд. Ба онҳо низ масъаларо фаҳмонда, аз дасташон халос хӯрдам. Аммо хурсандиам барвақт будааст. Он рӯз гӯё ҳамаи “гаишникҳо” ба кӯча баромада буданд. Дар гардиши фурудгоҳ боз се нафар корманди БДА чашмашон ба мошини ман афтоду бо қатъият ду нафарашон баробар чӯбдасташонро боло карданд. Дигар тоқатам намонд ва аз мошин сумкаамро гирифтаму фаромадам ва дари  онро боз монда гуфтам:

-Ҳамин мошини куҳнаи ман даркор бошад, гиред. Ман пиёда хонаам меравам…

Подполковники  миёнсол аввал аз ин ҳаракати ман ҳайрон шуд ва баъд фаҳмид, ки чаро ман асабӣ ҳастам. Табассум карду ба   галстукам нигариста шояд ягон роҳбар  гумон карду  гуфт:

-Ҳа, раис. Чанд бор нигоҳ доштанд?

-Дар шаш километр роҳ  се бор…Гӯё ҳама дар қасди ҷони мошини ман бошед…

— (Механдад) Зиқ нашавед, аммо  боз медоранд. То он замоне ки рақами куҳнаатонро иваз накунед. Мошини шумо ба касе даркор нест, беҳтараш аз паи ивази ҳуҷҷатҳо шавед…

Инро гуфту даст ба чакка бурд ва  ба ман иҷозат дод, ки равам…

Ана ду ҳафта боз пиёдагардам.Пиёдагардӣ ба саломатӣ фоида  дорад, аммо агар хонаатон ба роҳи хатсайрҳо наздиктар бошад. Вале агар манзилатон  аз наздиктарин хатсайр 500 метр бошад, беҳтар он аст, ки ҳуҷҷатҳои мошинро ҳар чӣ зудтар иваз намоед, вале дар бораи тарзи иваз намудани ҳуҷҷатҳо ва сабаби он маълумоти кофӣ бояд дошт. Бо андешаи дарёфти  ҷавоб ба ин саволҳо  бо даъвати ВКД ба нишасти матбуотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ рафтам.

-Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29 июни соли 2017 таҳти № 323 “Қоидаҳои ҳаракат дар  роҳ” тасдиқ карда шуд.  Қоидаҳо нав  бо чанд чизи худ аз қоидаҳои пештара фарқ мекунад,-ба сухан оғоз намуд муовини  вазири коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода, ки чандин сол ба БДА-и кишвар  низ роҳбарӣ намуда буд, -Мақсад аз таҳияи қоидаҳои мазкур, ин такмил ва мутобиқат намудани муқаррароти он ба  талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ мебошад.

Минбаъд муовини  вазир ба таври муфассал тағйиротро шарҳ дода, ба қисмати дуюми  нишаст-муаррифии Шабакаи ягонаи иттилоотӣ ҷумҳуриявии БДА шурӯъ кард. Бо истифода аз таблои компютерӣ кормандони аппарати марказии БДА дар бораи тарзи кор ва ҷамъоварии маълумот дар як Маркази ягона ба рӯзноманигорон иттилоъ дода гуфтанд, ки тайёрӣ ба ин навоварӣ аз соли 2014 ин тараф идома дорад.

-Дар марказ маълумот дар бораи ҳар як мошин ва ронандаи он аз тамоми ҷумҳурӣ ҷамъ меояд ва  ҳар як қоидавайронкунӣ дар кадом нуқтаи кишвар, ки сурат нагирифта бошад, дар  ин марказ сабт мегардад. Чунин тарзи кор ба кам шудани қоидавайронкунӣ, кам шудани ришваситонӣ ва баланд шудани самаранокии фаъолияти ВКД, коҳиш додани хароҷот, сода кардани тартиб ва кам кардани ҳуҷҷатҳо, автоматӣ кунонидани ҳамкориҳои байниидоравӣ дар вақти қабул кардани қарорҳои идоравӣ  ва ғайра  оварда мерасонад,-шарҳ дода шуд дар нишаст.

Тавре, ки гуфта шуд,  Шабакаи ягона ба кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ ва сари вақт ошкор намудани омилҳои он мусоидат менамояд.

…Ҳоло дар кишвар қариб ним миллион мошин мавҷуд аст (аниқтараш 440 ҳазору 948 мошин)  ва агар ҳамарӯза нисфи он ҳам ба роҳ барояд, тасаввур кунед, ки ин чӣ қадар мешавад. Барои назорат намудани ин “сел” рӯз ба рӯз технологияҳои нав ва тағйирот дар кор зарур аст . Мақсад аз ин тағйиротҳо низ ҳаракати бехатар ва ҳифзи ҷону саломатии одамон аст.

-Соли 1961 Сталинобод ба Душанбе тағйири ном кард. Аммо то солҳои 80-уми қарни гузашта мошинҳоро бо рақами СББ,СБД ва ғайра дидан мукин буд. Магар зарур аст, ки  рақамҳои ҳанӯз чанд сол пешгирифтаро иваз кунем?-ин саволи хонандаи “Тоҷикистон”-ро аз саҳифаи ҳафтанома ба муовини вазир хонда, ҷавобашро интизор шудам. Маҳмадсаид Саидзода бо як ҷумла ҷавоб дод:

-Фаромӯш накунед, ки мо дар қарни ХХI зиндагӣ мекунем…

Воқеан ҳам, ӯ ҳақ аст. Дар як аср бо мардуми пешрафтаи дунё зиндагӣ карда, аз онҳо қафо мондан ҳам ба шаъни шаҳрвандон ва ҳам кишвари рӯ ба инкишоф айб аст. Гузашта аз ин, сохторе,ки дар борааш сухан  гуфтем, дар ниҳояти кор танҳо ғами бехатарӣ ва саломатии моро мехурад.   БДА  муҳлати ивази рақамҳои куҳнаро бо назардошти вазъи молиявии аҳолӣ то 1 декабри ҳамин сол  дароз кард. Аввалин шуда, бо истифода аз имтиёзи иштирокчии ҷанги Афғонистон буданам  ва бо мусоидати Маркази матбуоти БДА шаҳодатномаи ронандагиамро ба маблағи 290 сомонӣ(70 сомонӣ барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва 220 сомонӣ барои шаҳодатнома) гирифтам. Ҳарчанд муҳлати истифодаи рақамҳои кӯҳнаро боз чанд моҳи дигар дароз карда бошанд ҳам,  ман тасмим гирифтам, ки  ин муҳлатро интизор нашуда ,бо гирифтани моҳона ҳатман рафта, рақами куҳнаамро ба нав иваз мекунам ва аз БДА ва Шабакаи ягона, ки “Шаҳри бехатар”ҳам ба он пайванд мегардад,   наҳаросида  бо риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ  мошин меронам.Ба ман роҳи сафед талабед ва аз паи ивази ҳуҷҷатҳоятон шавед,ки ин дафъа БДА шӯхӣ намекунад…

А. АҲМАДЗОДА,

ронанда аз “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *