Маҳбуба Некёр-Афғонистон

Мапурс дигар

Маро аз ман мапурс ҳаргиз,

Ки ман бо худ чӣ танҳоям.

Маро аз ман мабар ҳаргиз,

Ки дарди туст дар ҷонам.

Маро аз ман мабар ҳаргиз,

Ки дарди туст поёнам.

Маро аз ман мабар ҳаргиз,

Ки бо худ рози ту дорам.

Маро аз ман мапурс дигар,

Ҷавобамро ту медонӣ.

Маро бигзор, ки бо худ рози ту гӯям,

Маро бигзор дар ҳафри сиёҳиҳо.

Боз ҳам ғарқи ту бошам,

Барои лаҳза ҳам.

Аз ҷудоӣ ҳарфи ту бошам,

Маро бигзор бо ман ёди ту бошам,

Маро аз ман мапурс дигар.

***

Фарёди сукут

Кай дилам куштанду бурданд ба хилватгаҳи марг,

Дили захмхӯрдаву бемори маро.

Охир ин лахтаи хуни ду ҷигаргӯшаи ман,

Ки тайи соли ҳаводис шудаанд яхбаста.

Кай фаромӯш кунад,

Дили бемори ман.

Ки тайи соли ҳаводис шуда бемори ғаме,

Ғами як на ғами ду.

Он ду фарзанди гаронмояи ман,

Он ду мард, ки баланд шуд,

Зи кафи шаҳват шабе,

Он  ду як себи дуним.

Ҳайф бошад ба худо ҳайф, ки рафт,

Зи кафам рафт ба худо.

Он шаби лаззатҳо рафт,

Он ду буданд,

Аз лаззат шабҳои дароз.

Он ду буданд қуввати ишқи ману ӯ,

Ашк резам ба худо, ашк,

Ки танам меларзад.

Он дуро як яке аз ман бурданд,

Шаби боронию тӯфонӣ ва бимноке буд.

Шаби торику шабе нафратбор,

Ки дарам кӯбиданд.

Ба танам ларза даромад чу бед,

Ки кӣ бошад акнун.

Охир ин кист,

Ки акнун ба дари ин дили вайрон шудаам мекӯбад.

Лаҳзае такя задам бар девор,

Қалби ман хуфт дигар.

Боз кӣ омадааст,

Баҳри чӣ омадааст.

Арақи доғи танам доғон кард,

Дили сад пораи ман пир шуда буд,

Ханҷаре дарди маро кушта буд.

Номи таърихи дилам буд лаби фақр,

Дасти ларзон ба қуфле,

Ки аз солҳои пеш зангзада.

Куҳнаву бемори ҳаводис буд бурдам,

То кушоем дари фақру дари ғамҳои ҳақиқатҳоро,

Дарро боз намудам.

Бирафтам ба аъмоқи парешонии қарнҳои қарн,

Дар суфуфе, ки дар он ҷо дару девор ҳама,

Ташнаи хуни ману ту,

Ману ӯ ҳамаи мо буданд.

Сокиту бе нафасу нороҳат,

Бо ду чашмони ҳаводис задаам бори дигар,

Ба такрори ҳаводис дидам.

***

Бевафо   

Маро бигзор, ки месӯзам,

Ба сони оташе дар як шаби ялдо.

Дар поёни як пойизи баргрезон,

Маро бигзор.

Дигар носудаам охир,

Маро бигзор фаромӯшам бикун.

Зи ман бигзар,

Ки ман дар сӯзиши дардҳои худ,

Поёни ту бошам.

Маро бигзор,

Зи ман бигзар.

محبوبه نیکیار- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *