Баъзе ронандаҳо аз вуҷуди посгоҳҳои пулис дар роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ ва мавридҳои, ба гуфтаи онҳо, “ҳақситонӣ” шикоят карданд. Вале раҳбарияти IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, масъули пулчинӣ ва назорати ин роҳ гуфтанд, ки бар асоси як шартнома кормандони БДА (ГАИ) ҳақ надоранд, дар масири Душанбе-Чаноқ посгоҳ ташкил кунанд.

Ҳоҷӣ Азизбек собиқаи беш аз 30-солаи ронандагӣ дорад. Ӯ рӯзи 29 ноябр  гуфтааст, ки  дар тӯли ин роҳ се посгоҳи пулис фаъол буда, тақрибан ҳамаи ронандаҳоро “аз ғалбер мегузаронанд”. “Ҳар кадоми онҳо “ҳаққ”-и худро дорад. Мо дар тарозуҳо пул дода мегузарем. Ба болои ин кормандони БДА моро нигаҳ дошта мегӯянд, ки қоидаи роҳро вайрон кардед ва ҳатман таваққӯе доранд”, — афзуд Ҳоҷӣ Азизбек.

Ронандаи дигаре, ки нахост номаш бурда шавад, низ гуфт, “вақте тарозуҳоро гузоштанд, чаро кормандони БДА-ро мегузоранд? Вақте пули роҳу “ҳаққ”-и нозиронро медиҳӣ, ҳатман қимати роҳкиро боло меравад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки мо аз пеши худ пули бисёр металабем.”Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон вуҷуди посгоҳҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки онҳо асосан барои назорати бехатарӣ истодаанд. Амирхон Ҳасанов, як масъули БДА ба Радиои Озодӣ гуфт, “фаъолияти кормандони мо дар фосилаи аз километри 10 то 79-уми роҳ, яъне то даромадгоҳи нақби «Истиқлол» ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар ҷойҳое, ки эҳтимоли рух додани садамҳои нақлиётӣ аст, меистанд.» Ҳасанов мегӯяд, танҳо дар сурате ки «корманди БДА дар минтақаи ҳамвору бехатар истода, постгоҳ ташкил кардаанд ва мошинҳоро аз як сар нигоҳ медоранд, ин ғайриқонунӣ аст.”Дар ҳамин ҳол, Далери Абдулло – масъули дафтари матбуоти Инновейтив Роуд Солюшнз – гуфт, “қонун ба ташкили посгоҳҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат намедиҳад”. Ӯ афзуд, чунин ҳолатҳо мушоҳида шудаанд ва ширкати онҳо кӯшиш мекунанд, то аз чунин, ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ намояд.“Дар асоси шартномае, ки миёни ҳукумат ва ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз баста шудааст, дар роҳи Душанбе-Чаноқ ташкили посгоҳу омилҳои манъкунанда ба монанди тафтиши ҳуҷҷат аз ҷониби кормандони БДА манъ аст”, — таъкид кард ӯ ва аз ронандаҳо хост, ки дар сурати мушоҳидаи чунин ҳолат онҳоро хабардор кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *