8 ҳазор гирифторони СПИД дар Тоҷикистон

Ҳамасола дар ҷаҳон 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО- Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат  дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
«ВИЧ/СПИД бемориест, ки ба тамоми аҳли башар хатар дорад ва бояд бар зидди он дастаҷамъона мубориза бурд. Дар ҷаҳон ягон кишваре нест, ки ин вирус дар он ҷо доман паҳн накарда бошад»,-иброз дошт ноиби ректори донишкада оид ба тарбия Зулфия Ахмедова.
Зикр гардид, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 8 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало гаштаанд.
Таъкид гардид, ки роҳи асосии муҳофизат ва гирифтор нашудан ба вирусу бемориҳо дар дасти худи инсон буда, саломатии ҳар шахс аз худи ӯ вобастагии калон дорад.
Дар ҷамъомад викторина сурат гирифт, то дониш ва фаҳмиши муҳассилин доир ба ин вабои аср мустаҳкам гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *