Беҳном Бонӣ: Ошиқи Тоҷикистон шудам!

Санаи 3-юми сентябр консерти сарояндаи маъруф Беҳном Бонӣ мухлисонаи таронаҳои эрониро дар Амфитеатри Душанбе ба ҳам овард. Беҳном дар рафти консерташ ҳамвора такрор мекард: “Ман ошиқи Тоҷикистон шудам!”.

Беҳном Бониро меҳмоннавозии тоҷикон ба ваҷд оварда буд.

“Ман ба Тоҷикистон аввалин бор омадам. Қаблан ҳамкорони ман омада буданд ва аз Тоҷикистону меҳмоннавозии мардуми он зиёд таъриф мекарданд ва диқиқан ҳамин чизро дидам. Ҳатто дар маросими арӯсӣ дидам, ки аз оҳангҳои ман истифода мешавад, бароям хеле ҷолиб буд”,- гуфт ӯ.

Беҳном Бонӣ 35 сол дорад. Моҳи октябри соли 1987 дар Эрон ба дунё омадааст. Меҳри санъату ҳунар аз овони кӯдакӣ дар дилаш маъво гирифта, ҳанӯз аз синни 10-солагӣ Беҳном машқи суруд мекард ва дилбохтаи мусиқиву оҳангҳои дилнавоз буд, вале нияти сароянда шудан надошт. Беҳном мехост ҳамчун марди асил думболи касби мардонаеро бигирад ва бо ҳамин мақсад ба факултаи муҳандисии донишгоҳ дохил шуд.

Беҳном Бонӣ аз рӯйи ихтисос муҳандиси сохтмон бошад ҳам, меҳри суруду мусиқӣ билохира ӯро ба ҷодаи санъат оварда, аз паси эҷоди суруду таронаҳои дилнишин гашт.

Азбаски офаридгор ба ин ҷавонмарди хушқавора садои ширину дилчаспе эҳдо намудааст, Беҳном туфайли ҳунару истеъдоди худододаш ба зудӣ миёни мардумони олам маъруфу машҳур гашта, таронаҳояш дар дилу дидаи ошиқони санъати эстрадӣ ҷо гирифтанд. Имрӯз Беҳном Бонӣ ба қатори сарояндагони машҳури эронитабори олам дохил шуда, бо даъвати мухлисони бешумораш ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба сафарҳои ҳунарӣ меравад.

“Кӯшиш мекунам таронаҳоям мондагор бошанд ва дар ду ё се моҳ фаромӯш нашаванд. Ман мехоҳам, ки оҳангҳои маро ҳама қишри ҷомеа гӯш кунанд, аз ҷавон то солхӯрда. Шеъру оҳанг барои як овозхон бисёр муҳим аст, зеро барои мондагор шудани як ҳунарманд кумак мекунад”,- мегӯяд ӯ.

Беҳном Бонӣ баъди нарм шудани муносибати Тоҷикистону Эрон яке аз аввалин сарояндаҳоест, ки ба кишвари мо сафари ҳунарӣ анҷом дод. Ӯ мегӯяд, ки аз хуб шудани муносибати ду кишвар хушҳол аст. Дар ин маврид Беҳном мегӯяд: “Хушҳолам аз ин мавзуъ ва мехоҳам миёни тамоми дунё сулҳ бошад. Ҳамин буд, ки мо ба Тоҷикистон омадем ва консерт баргузор мекунем. Инҷо бисёр чизҳоро дидам, ки форсӣ ҳастанд. Номи хиёбонҳо исми шуарои мо аст. Ҳар ҷое, ки меравам, аксҳои Рӯдакиву Ҳофизро мебинам. Ин барои ман хеле зебо аст. Умедворам, на танҳо байни мо, балки тамоми дунё сулҳ бошад. Ҷанг набошад”.

Беҳном Бонӣ мегӯяд, ки қасд дорад борҳои дигар ба Тоҷикистон ояд. “Аз ошноӣ бо мардуми Тоҷикистон хеле хушбахтам. Хушҳолам, ки инҷо мусиқиҳои маро гӯш мекунанд ва бо оҳангҳои ман хотира сохтаанд. Мардум инҷо энержии хуб доранд. Ҷаззобтар барои ман ин аст, ки ҳамаи мардум форизабонанд ва бо ман ҳамзабон. Ҷойҳои зиёде рафтем, эҳсос кардам, ки мардум аҳли шодиву мусиқӣ ҳастанд”,- мегӯяд ӯ.

Диловар ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *