Дар шумораи №36-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома толеъномаи ошиқона барои моҳи сентябр дарҷ гаридааст, ки махсус барои дилдодагон таҳия шудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Келинам дуздӣ мекунад?”, “Аз баҳри зани беморам бароям?” ва “Шавҳарам сиҷинг аст” номаҳои кӯтоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Амакбачаи разил” сарнавишти зане аст, ки аз рӯи сарвату дороии падар бадбахт шуда, дучори хиёнату разолати нафарони бегона не, балки аз ҷониби амакбачаву зани амакаш ранҷ кашидааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Гӯри бе майит” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки дар зиндагӣ ба хатоҳои зиёде роҳ дода, ба шавҳар хиёнат мекунаду билохира, фарзанди ягонаашро аз даст медиҳад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давомашро дар шумораи оянда мутолиа кара метавонед.

Дар саҳифаи 6 таҳти сарлавҳаи “Зани рус латукӯбам кард, аммо шавҳарамро аз дасташ гирифтам!” сарнавишти як зани тоҷик — Азизмоҳ Маҳмадиева дарҷ гардидааст, ки дар танҳоӣ ба Русия сафар намуда, шавҳари худро аз дасти зани рус кашида мегирад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз ”Ай му кабӯтар”-и Далер Назаров то “Ашк”-и Музаффар Шодиев”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик ва ҳунарманде, ки синамои тоҷикро машҳур кардааст, маводро мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Бемориҳои мактабӣ” оид ба чанд беморие маълумот дода мешавад, ки аз курсии мактабӣ сар мешаванд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *