Беҳрӯз Хоҷазода: Аз дастгириатон сипосгузорам

Ман Хоҷазода Беҳрӯзи Саъдулло миннатдориамро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмӯъмин Раҳимов- Сафаров Шодӣ Асомуродович, Роҳбарони Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияҳои гӯштинҳои тарзи самбо, дзюдо ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи самбо Бозоров Носир, мураббиам Обидов Садурдин, ҳамаи мураббиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои гӯштин, ки онҳо низ, ба ман ҳақи устодӣ доранд, шаҳрвандони мамлакат ва тамоми мухлисонам вобаста ба ғалабаам, дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи гӯштини тарзи самбо мерасонам.

Ман дар ин Ватани азизу маҳбуб дар айёми нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандиаш 11 январи соли 1995 ба дунё омадаам. Хушбахтона, бо сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бофарҳангу ботамаддуни тоҷик ва дигар миллатҳои ба мо дӯст имкон ба даст омадааст, ки дар як мӯҳлати бениҳоят кӯтоҳи таърихӣ, сулҳу оромӣ, амнияти миллату шаҳрвандони Тоҷикистон ва бехатарии кишварамон таъмин гардад ва мо тифлону наврасони ҳамонвақта солиму бардам ба воя расем.

Дар чунин шароити мусоид ва ором, ман аз 11 солагиам ба  варзиш, аз ҷумла тамрини гӯштинҳои тарзи самбо, дзюдо ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудаам.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва қувваи бузурги ҷавонон боварӣ ва такя намуда, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намудаанд. Ин боварии сарвари давлату миллат, мо ҷавононро ӯҳдадор менамояд, ки ба меҳнати ҳалолу софдилона, илмомӯзӣ, созандагӣ ва ободкунонии Ватанамон машғул шуда, барои баланд бардоштани обрӯю эътибор ва шукуҳу шаҳомати сарзамини азизамон  содиқона хизмат кунем.

Хушбахтона, ба ман муяссар шуд, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуда, бо паҳлавонон ва чемпионҳои мамлакатҳои пешрафтаи Аврупо, аз қабили Руминия, Гурҷистон, Италия, Хорватия ва Белорус қувваозмоӣ намуда, ба ҳамаашон ғолиб оям ва муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон- парчами оламгирашро бо ифтихори баланд бардорам ва ҳазорон нафар ҳозирону иштирокчиёнро аз ҷои нишаст хезонида, ба ифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо оҳанги дилнавози суруди миллиамонро шунавонам.

Воқеанигорон ва журналистон баъди ин мусобиқа аз ман суол менамоянд, ки чӣ тавр ҳангоми латхӯрии даст ба ман муяссар гардид, ки чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон, Аврупо, Бозиҳои Аврупоӣ ва Универсиада- Попов Степанро мағлуб намоям. Дар ҳақиқат, ин варзишгари ботаҷрибаю тануманд тавонист муддати зиёда аз 30 сония, дастамро лат дода, ба ман дарди ҷонкоҳро расонад. Дар он лаҳза, пеш аз ҳама ба назари ман мардонагӣ, ҷасурӣ, қудратмандӣ, қаҳрамонӣ, ҷаҳду талош ва ҷоннисориҳои  сарвари миллату давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки ҷони худро чандин маротибаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар зери хавфу хатар гузошта, барои пойдории давлат, якпорчагии он, баланд бардоштани обрӯю эътибори он, осудаҳолии мардум ҷонбозиҳо карда буданд.

Дар ҷавоб ба ҳамаи суолҳо чунин гуфтанӣ ҳастам, ки  ман мардуми зиёда аз 8 миллион нафараи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекардаму дар қувваозмоӣ бо Попов, ҳуқуқи бохтанро надоштам ва дар сурати шикастани даст низ, ба мағлубият тан намедодам. Зеро, миллату давлати ман арзанда ва сазовори беҳтарин хизматҳост ва шоистаи аз ин ҳам бештари ҷоннисориву қурбониҳо мебошанд. Ман чунин фикр мекунам, ки дилхоҳ ҷавон ва тамоми варзишгарони тоҷик ба ин амал қодир ҳастанд ва аз номи кулли ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамарӯза бо кӯшишу меҳнати ҳалол барои ободии Ватан ва баланд бардоштани эътибори миллату давлатамон хизмат менамоем.

Дар охир, як бори дигар ба тамоми мухлисон ва ҳамватанонам барои дастгириашон миннатдориамро баён намуда, гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи онҳоро  дӯст медорам ва дар оянда низ, омода ҳастам, аз ин ҳам дастовардҳои беҳтару олиро ба даст орам.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *