Кӣ каппаи Дон Жуанро сӯхт? (Видео)

Дӯстмурод Шарипов, машҳур бо номи «Дон Жуан» ва Алишер Равшанов соли гузашта ба истеҳсоли филми машҳури «Меҳмони нохонда» дар сањнаи синамои тоҷик як саҳифаи дигар сохтанд.

Бино ба иттилоъи муаллифи филм Дӯстмурод Шарипов филм дар асоси шартнома бо кумитаи давлвтии «Тоҷиккино» сабт гардида, рузҳои наздик дастраси тамошобинон мегардид, аммо бо роҳи қочоқ ё ба истилоҳи дигар «Пират» аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар сифати паст ин филм дастраси тамошобинон шуд.

 

Ин амалкард ба буљаи филм таъсири бад гузошт, яъне он шартномае, ки миёни муаллиф ва тоҷиккино буд бекор шуд ва муаллиф аз ин ҳисоб муфлис ё ба қавли дигар «Банкрот» гардид. Аз руи гуфтушунидҳо ва нақшаи пешгузошта, ин филмро сараввал ба кумитаи давлатии «Точиккино» пешниҳод мекарданд, пасон мувофиқи шартнома филм танҳо дар сомонаи «ТajMedia.tj» ва шабакаҳои иҷтимоӣ «YouTube»-и TajikMusicProduction бо сифати баланд бояд пешкаши тамошобинон мегардид, вале иттифоқи дар боло зикр гардида, ҳамаи нақшаҳоро хароб кард.

Ба ҳар ҳол филми мазкур дар сомонаҳои дар боло зикргардида, бо сифати аъло пешкаши тамошобинон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *