А. Холиқзода: Таҷлили Рўзи Президент арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аст

Рўзи Президент дар баробари Тоҷикистон, дар бештари мамолики дунё, аз ҷумла, Амрико, Қазоқистон, Британияи Кабир, Голландия ва ғайра қайд карда мешавад.

Дар ин бора Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  дар ҳамоише ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI –уми Шўрои Олӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иброз дошт.

Дар ҳамоиш ҳайати раёсати донишкада, аъзоёни Шўрои олимон, устодону профессорон, донишҷўёну магистрон иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ номзади илмҳои иқтисод, дотсент Саидов С.С., ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши созандаи Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ ниҳоят пурарзиш мебошад. Маҳз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар ин Иҷлосия қабул шуданд, ба пойдевори давлати миллии тоҷикон асос гузоштанд. Дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Парчами давлати тозаистиқлол қабул ва давлату миллат аз нобудшави наҷот дода шуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода  иброз дошт, ки таҷлили Рўзи Президент, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ва умуман муҳаббату самимияти дуҷонибаи давлат ба халқ ва халқ ба давлат мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон беэътиноӣ нисбат ба сарвар дар охири ҳукмронии сулолаи Сомониён боиси аз даст додани давлат гардид ва ин ба он оварда расонид, ки намояндагони беҳтарини миллат дар ғарибӣ ва дур аз Ватан бо зиллат ҳаёти худро ба поён расонанд.

Профессори донишкада Намоз Ҳотамов дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он» баромад намуда, қайд кард, ки дастовардҳои имрӯзаи мо ин ҳама натиҷаи ҳамин иҷлосияи таърихӣ мебошад.

Ба андешаи номбурда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар як муддати кутоҳ тавонистем, ки дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои калон ноил шудем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *