Беҳрӯз Хоҷазода «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд

Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода соҳиби унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар риштаи ҷудо шуд

Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ хабар медиҳад.

Дар баробари Беҳрӯз Хоҷазода 174 варзишкори дигар бо унвонҳои гуногун соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, ки тибқи қарори комиссияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 нафар варзишгарон соҳиби дараҷа ва унвони «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.

Зимни супоридани дараҷа ва унвонҳои варзишӣ ба варзишгарон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдулозода гуфтааст, ки Тоҷикистон сол то сол ҳамчун давлати тарғибкунандаи варзиш дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад.

«Соли 2018 барои варзишгарон соли муҳим мебошад, зеро дар ин сол дар қатори дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин дар давлати Индонезия Бозиҳои осиёӣ баргузор мегарданд. Имрӯзҳо варзишгарони тоҷик барои иштирок дар ин Бозиҳо омодагӣ доранд. Барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ давоми соли равон баргузории зиёда аз 200 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаанд», — омадааст дар хабарнома.

Гуфта шуд, ки барои дараҷа ва унвонҳои варзишии «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2017 зиёда аз 200 нафар варзишгарон ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки тибқи қарори комиссия 175 нафарашон ин унвонҳоро соҳиб шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *