Рассомдухтари тоҷик дар Чехия ҷоиза гирифт

Як тасвири Нигина Азимова, навраси тоҷик, ба намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех роҳ ёфт ва соҳиби ҷоиза шуд. Нигина Азимова чаҳор сол дар мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, дар ин муддат, ба гуфтаи худаш, беш аз сад тасвир кашидааст. «Аммо бори аввал аст, ки расми кашидаи ман соҳиби ҷоиза шуд» гуфтааст Нигина Азимова

Маросими тақдими ҷоиза ба Нигина Азимова рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Михаэла Поспишилова – муовини сафири Ҷумҳурии Чех дар Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Тошканд) – гуфт, намоишгоҳи байналмилалии расмҳои бадеии наврасон аз соли 1967 ба хотири ёдбуд аз атфоли деҳаи Лидитсеи кишвари Чех, қурбониёни миллатгароёни олмонӣ дар давраи ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва атфоли қурбони низоъҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон ҳар сол баргузор мегардад.

Ба қавли Михаэла Поспишилова, ба озмуни 45-ум дар соли 2017 дар мавзӯи саёҳат ё ҷаҳонгардӣ беш аз 25 ҳазор расм ворид шуда буд. Бачаҳои тоҷик ба ин озмун 11 асар пешниҳод карда, аз миёни онҳо ҳайати ҳакамон расми Нигина Азимоваро пазируфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *