Беҳрӯзи Хоҷазода — Варзишгари соли 2017
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорони ВАО Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазодаро Варзишгари соли 2017 эълон кард. Ӯ дар рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар ҷойи аввал мебошад.
Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли равон дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг бо медали тилло мукофотонида шуд, аз ҷониби рӯзноманигорони варзиши кишвар Варзишгари сол эътироф гардид.. Беҳрӯз, инчунин, дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тилло, дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод оид ба самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тилло ва дар намуди гуштии кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст.
Ба иттилои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017 намояндагони ҳафт намуди варзиш дохил шуданд.
Ҷойи дуюмро паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён, ки дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар Ҳонконг бо медали тилло сарфароз гашта, дар мавсими имсола ҷойи аввалро дар Гран-прии Тошканд, мақоми дуюмро дар Гран-прии Анталия ва ҷойи сеюмро дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск соҳиб шудааст, гирифт.
Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд:
— гурзандоз, чемпиони Олимпиадаи Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров, Акмалиддин Каримов (самбо) , Темур Раҳимов (дзюдо) – Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) , Ҷамолиддин Абдуллоев (гуштии озод) , Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) , Ҷаҳон Қурбонов (бокс) , Миҷгона Самадова (кикбоксинг).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ