Меҳмонхона- фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, маъмури яке меҳмонхонаҳои пойтахт, ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 18-уми декабри соли 2017, ҳуҷраи меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 39-солаи сокини ш.Ваҳдат ва зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *