Бебарқӣ, бозгашти “лимит” ё таъмири беохир?
-Аллакай се ҳафта мешавад, ки мо шабона аз барқ барои чанд соат маҳрумем,-гуфт нафаре, ки дар маҳаллаи Чанорои ноҳияи Шоҳмансур , марбут ба шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
-Аллакай се ҳафта мешавад, ки мо шабона аз барқ барои чанд соат маҳрумем,-гуфт нафаре, ки дар маҳаллаи Чанорои ноҳияи Шоҳмансур , марбут ба шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
-Барқи моро дар рӯз ҳам баъзан аз соати 8-и субҳ то 16: 00-18:00 мекушанд,- мегӯяд сокини дигар аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд. “ Дар ноҳияи Муъминобод се ҳафта боз неруи барқро аз соати ёздаҳи шаб то панҷи субҳ хомӯш мекунанд… Дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб аз соати 23 то 5-и субҳ ва аз 8 то 17:00 барқ нест…” хабар медиҳанд сомонаҳо…Ва ин хабарҳо на аз гузаштаи на чандон дури мо, ки онро “даврони лимитҳо” мегӯянд , балки воқеияти имрӯзаи мо аст. Чаро замоне, ки аллакай як чархаи бузурги НБО-и “Роғун” ба кор даромадааст ва соле, ки кўҳистон пур аз барф асту боришоти имсола ҳам хеле зиёд буд, ин “меҳмони нохонда”- лимит боз дар моро мекўбад? Ба ин савол ҳам ҳар касе вобаста ба шунидаҳояшу овозаҳои кӯча ҷавоб гуфтан мехоҳад. Яке бар он аст,ки “чархаи Роғун ба садама дучор шудаасту ҳоло барқ намедиҳад” дигаре мегўяд, ки барқро ба хориҷа фурӯхта истодаанду барои ҳамин “лимит” ҷорӣ кардаанд ва сеюмӣ муътакид аст,ки обро барои обанбори Роғун ҷамъ карда истодаанд. Аммо касе мушаххасан ба ин савол ҷавоб дода наметавонад, зеро он чи ба таври расмӣ аз ШСХК “Барқи Тоҷик” мешунавем, барои истеъмолкунандагони барқ қонеъкунанда нест. Ҳарчанд масъулони «Барқи Тоҷик” ҷорӣ шудани лимитро рад мекунанд ва мегӯянд, барқ дар баъзе минтақаҳо ба сабаби зарурати анҷоми корҳои тармимӣ баъд аз фасли сармо бо маҳдудият дода мешавад, аммо сокинон ба ин суханон чандон боварӣ надоранд. Зеро наход дар як вақт ҳам дар Муминободу ҳам дар Рашт ва ҳам дар Р=дакию ҳам дар Варзоб ва он ҳам аксаран шабона барқ тармим карда шавад? Дар шабакаҳои барқи Панҷакент гуфтаанд, ки дар ҳақиқат дар бархе аз деҳот қувваи барқро қатъ менамудаанд, зеро аз ШСХК «Барқи Тоҷик” як гурӯҳ барои насби ҳисобкунакҳо омадаанду дар хонаҳои мардум ҳисобкунакҳоро насб карда истодаанд. Коршиносон мегӯянд, то ин замон баҳонаи сарборӣ дар хатти интиқоли неруи барқ, ки бо хатти 110 Кв аз ноҳияи Айнӣ ба Панҷакент барқ меомад, ҷой дошд. Аммо як сол пеш бо ширкати Президент ин мушкилӣ дар Панҷакент бартараф карда шуд ва хатти 220 Кв дар ин масир ба истифода дода шуда буд. Пас, баҳонаи навбатӣ ҳисобкунакшинонӣ аст? Охир онро дар рўз мешинонанд на, дар соаити 2-и шаб. Пас, сабаби норасоии барқ ё “лимити эълоннашуда” дар чист? Рости гап, барои дарёфти ҷавоб ба ин савол ба чанд нафари соҳибвазифа дар ин соҳа муроҷиат намудем, вале ҳамон ҷавоберо шунидем,ки мақомоти расмии “Барқи Тоҷик” доданд. Оё мумкин нест,ки дар чунин ҳолатҳо ин ширкат як нишасти матбуотӣ (пресс-конференсия) ё брифинг барои хабарнигорон ташкил кунад ё ақаллан изҳорот пахш намуда, сабабҳои воқеии барқкуширо, чуноне ки ҳаст, баён намояд ва мардум мефаҳманду дигар ҷой барои афсонабофӣ намемонад? Албатта, “сад шукр,ки он бебарқиҳои солҳои пешин нест”, мегўянд сокинон, вале барои як кишваре,ки бузургтарин истеҳсолкунандагони барки тоза дар минтақа аст, бесабаб мавҷуд будани “режим” то андозае касро ба ба андеша мебарад. Як марди шӯхтабиат мегӯяд, ки масъулони барқ бо афзудани нархи он ғами шаҳрвандонро мехўранд, ки камтар сарф кунанду камтар пул диҳанд, аммо ба ин гуфтаҳо бовар кардан мушкил аст, зеро агар чунин “ғамхорӣ” насиби мо мешуд, ҳаргиз онҳо ба гуфти созмонҳои байналмилалӣ даромада, нархи ин боигарии моро барои соҳибони он баланд намекарданд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангуи “Барқи Тоҷик” гуфтааст:
«Қатъи интиқоли қувваи барқ инчунин ба хотири омодагӣ ба мавсими обёрии мошинӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз аст. Мардум дар рӯзҳои ҷашн бояд пурра бо барқ таъмин бошанд». Ташакур ба “Барқи Тоҷик”, ки ақаллан ваъдаи дар Наврӯз бе маҳдудият соҳиби барқ шудани сокинонро медиҳад. Бовар кардан мумкин,ки ҳисобкунакшинонҳо ҳам дар ин рӯзҳо дар қатори дигар сокинон ба истироҳати наврӯзӣ мераванд…
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ