Бечоранолӣ. Чаро он хоси соҳибкори тоҷик аст?
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба онҳо ба маблағи 9 миллиард сомонӣ имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешниҳод шудааст
Чанд сол қабл, вақте дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар омилҳои ноком мондани соҳибкорони тоҷикро дар бахши истеҳсолот, хоса таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввалия ва насли наврас бо сарулибоси мактабӣ пурсон шудам, дар тақвияти посухи бо риояи назокатҳои роҳбарӣ гуфтаи собиқ вазир, муовини ў бо овардани чанд факту далелҳои «омор»- ӣ ва обшуста, ки воқеияташон зери суол буд, тасмими андешаҳои бандаро инкор намудан кард. Чун дар идомаи суоли қаблӣ чанд суоли муайянкунандаи дигарро пешниҳод намудам, ин нафар дар посухашон ба душворӣ мувоҷеҳ шуд, зеро бо вуҷуди дастгириҳои рўзафзуни Ҳукумати мамлакат дар ин самт ибтикоре, ки қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш бошад, мавҷуд набуд.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, бо ин мақсад тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд. Масалан, бо мақсади роиҷ будани равобити мустақим миёни байни давлат ва бахши хусусӣ ва тавассути он гузаронидани ислоҳоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд шомил мебошанд. Иқдоми дигари ба дастгирии соҳибкорон рабтдошта қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 — 2020» буда, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ омили асосӣ аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд, ки «Шумо — соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошед».
Бо мақсади тавсеаи соҳибкорӣ ва имкон фароҳам намудан ба содироти беш аз пеши маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 100 қонуни амалкунанда ва қабулу ҷонибдории қонунҳои нав Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражии хориҷиро ба тасвиб расонид.
Қонунҳои қабул ва ҷонибдоригардида боис шуданд, ки ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми «Равзанаи ягона» ба роҳ монда, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз кам шуд. Ҳамрадиф бо ин, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва кам кардани шумораи иҷозатҳо ба рушди соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ шуда, ҳоло субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд эъломияҳои худро ба тарзи электронӣ пешниҳод намоянд, ки ин боиси сарфаи вақт ва хароҷоти онҳо мегардад.
Муҳимтар аз ҳама, бо мақсади дастгирии воқеии соҳибкорон тавассути муҳайё гардонидани захираҳои молиявии имтиёзнок соли 2013 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис ёфта, ба сармояи фонд дар чор соли оянда то як миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Умуман, дар ҳашт соли охир аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳибкорони хурду миёна беш аз 800 миллион сомонӣ маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзнок ҷудо шудааст.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки яке аз самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон тариқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ мебошад. Ҳарчанд ин иқдом боиси ба буҷет ворид нашудани маблағҳои зиёд мегардад, вале бо дарназардошти муфид буданаш барои соҳибкорон вакилони Маҷлиси намояндагон онҳоро сарфи назар накарданд. Муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамшед Каримзода иброз дошт, ки соли гузашта ба соҳибкорони ватанӣ дар ҳаҷми шаш миллиард сомонӣ имтиёзҳои андозӣ ва ба маблағи се миллиард имтиёзҳои гумрукӣ дода шудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки имтиёзоти пешниҳодгардида ба 30 фоизи ҳаҷми Буҷети давлатӣ баробар аст. Чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷироне, ки тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, барои пешпардохти андоз тахфиф ироа кард. Тибқи тағйирот минбаъд ба соҳибкороне, ки барои се моҳи оянда пули патенту шаҳодатномаро пардохт мекунанд, аз ҳаҷми умумии маблағ 10 фоиз кам мешавад. Ба ғайр аз ин, Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастури Пешвои миллат барои дастгирии соҳибкорон як қатор намудҳои фаъолиятро аз пардохти андоз озод кардааст. Аз ин пас фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромад мансуб мебошанд, аз андозбандӣ озод гардида, барои он патент талаб карда намешавад. Дар ин замина, Кумитаи андоз ба феҳрасти фаъолиятҳои озод аз андозбандӣ фурӯши гиёҳҳои худрӯйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда), қабрканҳо, дар деҳот амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда ва наққоширо ворид кард. Ҳамрадиф бо ин, номгӯи фаъолиятҳое, ки дар асоси патент анҷом дода мешаванд, такмил дода, маблағи патент барои онҳо нисбатан камтар муқаррар гардид. Аз ҷумла расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ тариқи патент пешбинӣ шуд.
Аммо суоли матраҳ он аст, ки дар посухи ин ғамхориҳо соҳибкорони мо чӣ карданд? Чаро то ҳол аҳолӣ бо маводи ниёзи аввалияи истеҳсоли худӣ таъмин нест? Чаро бо вуҷуди дастгирии давлатӣ корхонаҳои нассоҷии мо наметавонанд толибилмони моро бо сарулибоси мактабӣ таъмин кунанд? Бо кадом сабаб бечоранолӣ ба «одат»-и соҳибкори тоҷик мубаддал шудааст? Дар бечоранолӣ ширкатҳои мобилӣ пешсафанд. Ҳол он ки фаъолияти онҳо ба истеҳсолот рабте надошта, доир ба даромадҳои ҳангуфташон ҳатто Пешвои миллат сухан карда буданд. Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои таъсиси ширкати мобилӣ муассисон бояд ба буҷаи давлат 26 миллион доллари ИМА, Федератсияи Россия 40 миллион доллари ИМА ва кишварҳои дигар аз ин зиёдтар маблағ пардохт мекунанд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ фаъолияташонро бо пардохти пешбинишуда,ки ба 20 сомонӣ баробар аст, роҳандозӣ намуда, маҳз дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат «ба по рост шуданд»…
Иваз кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ ва дигар имтиёзҳо бояд ба тавсеаи фаъолияти корхонаҳое, ки ба коркарди пурраи нахи пахта машғуланд, ба баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, афзоиш ёфтани арзиши иловашуда ва муҳимтар аз ҳама, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекард. Вале афсӯс, ки чунин нест…
Боиси нигаронист, ки то кунун дар фаъолияти соҳибкорон камбудиҳои зиёд вобаста ба пурра напардохтани андозҳо мавҷуд буда, кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо падидаи маъмул аст. Ҳоло ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки аз қайди давлатӣ нагузашта, ба фаъолият машғул мешаванд ё дар қайд бошанд ҳам, аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти пардохти андоз саркашӣ карда, инчунин эъломияи худро дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намекунанд. Ба ғайр аз ин, соҳибкорони алоҳида бо роҳи ташкил кардани ширкатҳои қалбакӣ ва истифода аз дигар усулҳо аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд. Қаблан дар суҳбатҳо соҳибкорон иддао мекарданд, ки агар тамоми расмиёти маъмурикунонии андоз сода гардонида, як низоми мураттаб ва барои соҳибкорон осон ташаккул дода шавад, онҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ фаъолият хоҳанд кард. Мутаассифона, сарфи назар аз дастгириҳои зиёди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва такмили қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, қонунсолорӣ дар фаъолияти соҳибкорон таври бояду шояд нест. Биноан, зарур ва ногузир аст, ки баробари давлат бахши хусусӣ низ масъулият дарк карда, ҳар ду ҷониб вазифаву уҳдадориҳои худро, тибқи қонунгузории амалкунанда, иҷро намоянд.
Далер Мерганов,
муовини сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум»
PS: Вақте матлаби мазкур иншо мегардид, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» -ро қабул намуд.
Тавре аз муҳтавои он бармеояд, аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, рушди босубот ва инноватсионии он, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, бартарии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, азнавкунии истеҳсолоти саноат, тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда, дастгирии давлатии субъектҳои соҳаи саноат тариқи маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ барои таъсис, пешниҳоди қарз ҷиҳати мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба рушди саноат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз аҳдофи он маҳсуб мешаванд. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, мутмаинем, ки дар натиҷаи татбиқи он бахши саноати кишвар беш аз пеш рушд хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ