Афви бадтар аз гуноҳ

Инак, санад дар мавриди афви тоҷикони “гунаҳгор”, ки Қонунҳои Русияро риоя накардаанд, оғоз гардид ва тавре,ки фаҳмида мешавад, ин кор дар давоми як моҳ сурат мегирад. “Марҳамат”- и Путин пас аз вохӯрии ӯ бо Президенти Тоҷикистон  дар вақти сафари роҳбари Русия ба кишвари мо сурат гирифт. Дар назари аввал ин иқдом барои муҳоҷирони тоҷике, ки минбаъд аз дидани дидори русҳо маҳрум гардида буданд, як туҳфаи ногаҳонӣ буд. Аммо, тавре ки  Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, онҳо ду сол боз ин санадро таҳия мекардаанд.  Ӯ аз он норозӣ аст, ки барои тоҷиконе, ки шумораашон дар Русия хеле зиёд аст, як моҳ муқаррар гардидани муҳлати афв хеле кам аст. Сари ин масъала бо ин чиновники рус розӣ нашудан  имкон надорад. Воқеан ҳам, шумораи “депортшудагон” аз рӯи маълумоти расмӣ бештар аз 250 ҳазор нафар аст. Аксари ин муҳоҷирон бо ҷурми хурдтарин,  ба монанди  сари вақт насупоридани ҷаримаи ягон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё агар мулоим карда гӯем, бо гуноҳи чеҳрааш ба маъмури пулис маъқул нашудан аз Русия ронда шудаанд. Раҳматулло,  як муҳоҷире, ки  ҳоло дар Душанбе, дар бозори мардикорон кор меҷӯяд, мегӯяд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск ӯро як маъмури пулис танҳо барои он,ки хобаш дар курсии интизорӣ бурдааст ва сари вақт ҳуҷҷатҳояшро барои муаррифӣ ба ӯ пешниҳод накардааст,бо гуноҳи сохтаи ин маъмур  “депорт” шуд. “Рожаам” ба ин пулис маъқул нашуд”, мегӯяд ғамгинона Раҳматулло. Тасаввур кунед, дар ҳоле ки шумораи шахсони мамнуъулвуруд зиёда аз чоряк миллион нафар аст, чӣ гуна метавон дар давоми як моҳ онҳоро “реабилитатсия” кард? Гузашта аз ин, ин қарор асосан барои онҳоест, ки айни замон дар ҳудуди Русия қарор доранд. Кори беруншудагон мушкилтар аст ва онҳо бояд ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия  дар ҷои доимии зист  муроҷиат кунанд. Ба гуфти коршиносон, аз ин “марҳамати” ҷаноби Путин танҳо 25-30 фоизи рондашудагон истифода бурда метавонанду халос.  Албатта то он замон шумораи  “депорт” – шудагони нав ҷои ин афвшудагонро пур мекунад. Магар беҳтар нест, ки ба умеди тараҳҳуми Путин нашуда ба ивази ҷойи Пойгоҳи низоми 201 ва Маркази кайҳонии “Окно” аз Русия  маблағ гирему барои муҳоҷирони худ ҷойҳои нави корӣ созем?

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *