Бекоршавии ҳукми ихроҷи писари Алии Бедакӣ

Додгоҳи вилояти Маскав қарори ихроҷи Аҳмадшоҳ Давлатов – писари Аловуддин Давлатов – маъруф ба Алии Бедакиро бекор кардааст. Ин ҷавони 22-солаи тоҷик гуфт, моҳе пеш барои гӯё вайрон кардани қоидаи будубош боздошт шуда, бо қарори додгоҳ бояд ба Тоҷикистон ихроҷ мешуд.

Аҳмадшоҳ Давлатов ҳамроҳ бо 40 тан аз муҳоҷирони дигар дар Боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ мешуданд ва ӯ аз камтарин муҳоҷироне буд, ки барои ихроҷ нашудан ба Тоҷикистон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурд. Вай дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст,ки пас аз кушта шудани падараш барои пешбурди рӯзгор ба Русия муҳоҷир шуд ва дар сохтмоне кор мекунад.

“Ман аз аввал фикр мекардам, ки ноҳақ ихроҷам мекунанд. Барои ҳамин, ба додгоҳ шикоят кардам. Гуфтам, ки пирӯз шавам, хуб, нашавам ба ватан меравам ва ба корҳои деҳқонӣ машғул мешавам”, — гуфтааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *