Таҷлили наврӯз ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил

 24 марти соли равон дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии барномаи USAID бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ҳамоиш баргузор гардид.
Фирӯз Шарипов, директори Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина иброз дошт, ки ҳоло дар марказ 280 нафар беморони гирифтори сил бистарӣ буда,  ин шумора нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ба назар мерасад.
«Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии беморон, хешу табори онҳо ва коргарони марказ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Бо  дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди сил» ва Лоиҳаи ХОУП ба маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд, ки тавассути онҳо беморон сари вақт аз ташхис гузашта, ба  табобат фаро гирифта мешаванд»,- гуфт Фирӯз Шарипов.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *