Тоҷикистону Баҳрайн 1:1

 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23-юми март, аввалин бозии худро дар мавсими соли 2017 дар шаҳри Риффаи Баҳрайн бо дастаи мунтахаби Баҳрайн гузаронида, онро бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дод. Ин вохӯрии дӯстона дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат гирифт.
Футболбозони мо аз оғози вохӯрӣ баъди голи задаи Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 4-ум) бо ҳаммуалифии Ҷаҳонгир Алиев ба сафи пеш баромаданд. Ин гол метавонист ба футболбозони мо ғалаба биёрад, аммо дақиқаи сеюми вақти иловагӣ соҳибони майдонро аз бохт наҷот дод. Голи ҷавобиро Комил ал-Асвад ба нишон расонид.
Акнун футболбозони кишварамон 25 март аз Баҳрайн ба шаҳри Давҳаи Қатар барои гузаронидани бозии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман парвоз мекунанд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *