Беларус дигар ба Украина барқ намедиҳад

Беларус аз фурӯши нерӯи барқ ба Украина худдорӣ кард, аз моҳи ноябр инҷониб Белэнерго дар асоси шартномаҳои чаҳорчӯбаи қаблан басташуда интиқол дода намешавад.

Дар ин бора «Хақиқати иқтисодй» менависад. Чунон ки газета хабар медихад, иштироккунандагони бозори энергетикй аз «Белэнерго» дар ин бора мактуб гирифтанд. Аз ҷумла, акси санадеро, ки аз ҷониби директори генералии ширкат Павел Дрозд имзо шудааст, коршиноси соҳаи энергетика Олга Кошарная дар саҳифаи Фейсбуки худ нашр кардааст.

Дар нома, ки рӯзи душанбеи 8-уми ноябр нашр шудааст, таъкид шудааст, ки бастани қарордодҳои чаҳорчӯбаи нав дар назар нест ва ширкат ҳамчунин ба шарикони украинӣ «барои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳ ба харидории нерӯи барқи Беларус» изҳори сипос мекунад.

Тавре коршиносон мегуянд, ин шояд вобаста ба он бошад, ки ҳафтаи гузашта байни Русия ва Беларус 28 шартонома баста шуд ва ин боз як қадами бузурге барои сохтани “Давлати Иттифоқӣ” (Союзнои государство) байни Русия ва Беларус аст ва ҳоло Беларус таҳти таъсири Русия чунин қарор қабул кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *