Депорти шаш “тоҷиккабутар” аз Челябински Русия

Воридоти паррандаҳо ба Русия манъ карда шуд. 

5 ноябри соли 2021 “Россельхознадзор” дар вилоятҳои Челябинск ва Қӯрғон ҳангоми тафтиши бағоҷи дастии шаҳрвандоне, ки бо хатсайри № 2812 Душанбе-Челябинск аз Тоҷикистон меоянд, боре, ки таҳти назорат қарор дорад, бидуни ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии байторӣ дарёфт кардааст.

Шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсоя бидуни ҳуҷҷатҳои ҳатмии ҳамроҳии тасдиқкунанда ва саломатии паррандагон кӯшиш кардааст, ки 6 сар кабутарро ба қаламрави Русия ворид кунад.

Барои вайрон кардани банди 1.4, банди 10.1 «Муқаррарот дар бораи тартиби ягонаи амалисозии назорати байторӣ дар сарҳади гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ ва қаламрави гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ», ки бо Қарори Комиссияи Иттиҳоди гумрукӣ аз № 06 /18.01.2010 № 317, шаҳрванд тибқи моддаи 10.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Воридоти паррандаҳо ба Русия манъ карда шуд. Парррандаҳо бо рейси навбатӣ ба қаламрави ҳамсоя фиристода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *