Бемории 1086 нафар аз гармии ҳаво
Дар Ҷопон тайи як ҳафта- шурӯъ аз 29 май бар асари гармӣ 1086 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд, ки нисбат ба 7 рӯзи гузашта 1,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба хадамоти оташнишонии Ҷопон, ки ба он хадамоти ёрии таъҷилӣ шомил мешавад, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, миёни шахсоне, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд, ба 17 нафарашон табобат давоми се ҳафта ё зиёда аз он зарур мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки 50 дарсади осебдидагонро калонсолон (аз 65- сола боло) ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ