16-солаҳои Тоҷикистон сеюмин дар Сочи

2 июн дар шаҳри Сочии Русия мусобиқаи дӯстонаи байналхалқӣ дар миёни мнтахабҳои ҷавонони 16-сола (U-16) барои дарёфти Ҷоми Конфедератсия дар   Русия ба фарҷом расид. Мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон барои ҷой     и сеюм дастаи кишвари Краснодари Русияро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод ва медалҳои биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд. 4 голи дастаро Шоҳрух Сангов, Азизбек Хасанов, Сиёвуш Хабибуллоев ва Рустам Соиров ба ҳадаф расонданд. Ниммуҳофизатгари даста   Шӯҳрат Элмуродов аз беҳтарин футболбозон шинохта шуд.

Тазаккур медиҳем, ки мусобиқаи мазкур дар Сочи барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  марҳилаи омодагӣ ба чемпионати Осиё-2018 ба шумор меравад, ки он  аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад гашт. Дар ин марҳила мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои ҳамсолонаш аз Уммон, Сурия, Туркманистон ва  Малдив вомехӯранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *