Бемории сил табобатшаванда аст, агар…

 Амрико ва Тоҷикистон чӣ чораҳо  меандешанд?

Маъракаи миллӣ бахшида ба Рўзи ҷаҳонии сил таҳти унвони «Дар мубориза бар зидди бемории сил мутаҳҳид мешавем” дар маркази Вефа баргузор гашт.   Дар ин маърака Лесли Ҳайден, ваколатдори муваққатии корҳои ИМА,  Одиназода Азиз Абдусаттор, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтурону ҳамшираҳои тиб, намояндагони ВАО ва дигар шаҳрвандон, ки дар маҷмӯъ 500 нафарро ташкил мекарданд,  иштирок доштанд.

Чӣ қадар аз беморӣ азият мекашад?

Ҳамасола дар охирҳои моҳи март ва аввали апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил баргузор мегардад. Дар баргузории ин чорабинӣ нақши  USAID  зиёд буда, уҳдадориҳои худро дар татбиқи стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) мубориза бо бемории мазкур такрор ба такрор таъкид мекунад. Тибқи маълумоти  охирини ТУТ шумораи гирифторони бемории сироятии сил дар ҷаҳон 10 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Сил табобатшаванда аст!

Тадқиқотҳои соҳаи тандурустӣ нишон дод, ки бемории сил бо вуҷуди хавфнок ва сироятӣ буданаш табобатшаванда мебошад. Намояндагони ТУТ бар он ақидаанд, ки мутаассифона, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобат нокифоя аст. Чунин амалҳо барои кам кардани шумораи гирифторшавандагон мусоидат намуда,  яке аз сабабҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди он ки бемории сил табобатшаванда аст, вале бадбахтона ҳамасола наздики ду миллион нафар аз ин беморӣ  ба доми марг меафтанд.

 

USAID чӣ ҳадаф дорад?

Ҳар як созишномае, ки ба имзо мерасад, дорои ҳадафе мебошад, ки барои омма манфиатбахш мебошад. Аз ҷумла ҳадафи барномаи татбиқнамудаи USAID дар ин  бора  коҳиш додани сатҳи беморӣ  ва пешгирии бемайлони он бо маводҳои  доруворӣ тобовар дар Тоҷикистон бо роҳи тақвияти стратегияи миллӣ, ташхис ва муолиҷаи дастрас, омӯзишгоҳҳои дорои технологияҳои муосир дар вилояти Суғд, Хатлон ва водии Рашт мебошад. Аз рӯи ин барнома ҳамасола кумак  ба Тоҷикистон  ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30 дарсади  маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад. Барномаи мазкур, ки буҷааш тахминан $ 13,2 млн. буда, барои 5 сол пешбинӣ шудааст, яке аз намунаҳои дигари кумаки ҳукумати имрӯзаи  ИМА дар самти беҳтар намудани солимии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад.

«Гарчанде ки бемории сил табобатшаванда аст, бо вуҷуди хизматрасониҳои мавҷудаи ташхис ва табобати босифат он боз ҳам яке аз таҳдидҳо ба саломатии инсон боқӣ мемонад»,- қайд намуд Элизабет Миллиард, Сафири Амрико дар Тоҷикистон  дар яке аз суханрониҳояш ба рӯзноманигорон.

Дар ин замина Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфта буд, ки  бо роҳу усулҳои гуногун коҳиш додани паҳншавии ин бемориро дар кишвар пешниҳод намуда,  зарурати тавсияи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ин беморӣ вуҷуд дорад.

Дар охири  ҷамъомад хотири иштирокдоронро барномаи мусиқӣ, бозиҳои шавқовар, саволу ҷавобҳои вобаста ба бемории мазкур болида намуд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ  ба 20 нафар духтурон ва ҳамшираҳои шафқати кишвар, ки саҳми бештар дар нигоҳубин ва муолиҷаи онҳо гузоштаанд,  бо ҷоизаю мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *