Ҳафтаи илм дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Имрӯз, 21 апрел дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳафтаи илм таҳти унвони «Мавқеи ҷавонон дар таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ҳамчун асоси рушди устувори инноватсионӣ» баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли ҷавонон-2017»  бахшида шуда буд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши илмӣ олимону коршиносони варзидаи муассисаҳои илмӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори бахшҳои гуногуни иқтисодиёт иштирок намуданд. Ҷаласаи илмиро муовини ректори донишкада, дотсент Насимҷон Ойев ифтитоҳ намуда, иштироки мењмононро дар ин чорабинии муҳими илмӣ шодбош намуд. Номбурда иброз дошт, ки баргузории ҳафтаи илм дар донишкада чун анъана ҳамасола ба масъалаҳои мубраму ҳаётан муҳим бахшида шуда, ҳамоиши илмие, ки имрӯз оғоз гардид, тӯли ҳафта давом хоҳад кард. Дар он  нақши ҷавонон дар ҳамгироии илм ва истеҳсолот чун таҳкурсии боэътимоди рушди устувори инноватсионӣ ва ҳамчун яке аз проблемаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда мешавад.

Дар идомаи ҷаласа олимону коршиносон- Лутфулло Саидмуродов,директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Фарида Муминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ ва магистранти соли аввали ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалии донишкада-Раҳматбеков Ш.Б.  бо маърўзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои худ атрофи масоили рушди инноватсионии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, рушди устувор дар доираи таъмини дастрасӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ҷанбаъҳои истифодабарии захираҳои табиии Тоҷикистон баромад намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *